Республикаи Тоҷикистон

Корхонаи Кимиёвӣ

Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Корхонаи кимиёвӣ», собиқ заводи кимиёвии шаҳри Исфара ягона корхонаи истеҳсолкунандаи маводҳои таркандаи саноатӣ дар Осиёи Марказӣ ва Қазоқистони собиқ Иттиҳоди Шўравӣ ба ҳисоб рафта, бинобар ин миқдори калони лоиҳавӣ дар солҳои мавҷудияти собиқ Иттиҳоди Шўравӣ корхона бо маводҳои таркандаи саноатӣ талаботҳои ҳамаи истеъмолкунандагони Ҷумҳуриҳои Осиёи марказӣ (Тоҷикистон, Ўзбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон), Қазоқистон, қисми Шарқии Федератсияи Россияро аз Урал то Шарқи Дур, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Манголияро ба пуррагӣ таъмин менамуд.
Маҳсулоти асосии корхона моддаҳои таркандаи саноатӣ буда, маҳсулоти он дар корхонаҳои коркарди маъдани кўҳии ҷумҳурӣ аз ҷумла ҶСПКМ «Зарафшон», ҶДММ «Апрелевка», КФ Шахтаи «Фон-Яғноб» ва НБО «Роғун» истифода мебаранд. Корхона дорои 5 коргоҳи (сехҳои) истеҳсолӣ буда, дар масоҳати 15 га ҷойгир шудааст.
Инчунин, ғайр аз моддаҳои тарканда маҳсулотҳои ниёзи мардум ба монанди плёнкаи полиэтиленӣ, маҳсулоти дўзандагӣ, дару тирезаҳои алюминий ва пластикӣ истеҳсол менамояд.

Нақша барои соли 2023

Зиёд намудани номгӯйи маҳсулотҳои истеҳсолӣ

  • Аз нав бароркуни

    Аз нав барқарор кунӣ ва омодасозии коргоҳи №3 барои истеҳсоли рангҳои молидании тамҳаи эмали ПФ.
  • Автоматкунони
    Автоматикунонии банду басти маводҳои таркандаи саноатии ва баланд бардоштани сифат, истеҳҳсоли намудҳои нави маьсулот.
  • Зиёд намудани истеҳсол

    Бо мақсади зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли воситаҳои таркишӣ ташкил намудани дастгоҳҳои иловагии истеьсолӣ ё хатти технологии нав.
    Ба роҳ мондани хатти технологии истеҳсоли қуттии картони.